Рубрики
Асосӣ Мақола

Исфара: КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворух 15 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият намуда, дар сафҳои худ 803 нафар аъзои ҲХДТ – ро муттаҳид менамоянд.

Ташкили Шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбии ҷамоат ва роҳбари он интихоб шудани яке аз фаъолони ҳизб, шахси кордону ташкилотчӣ Қирғизбой Ортуқов имконият дод, ки ҳизбиён дар ҳалли аксарияти масъалаю проблемаҳои ҷойдоштаи деҳа, муттаҳид ва сафарбар намудани мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар амали намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо ҷалби қиршҳои гуногуни ҷомеа, хусусан соҳибкорони дохиливу бурунмарзӣ ба татбиқи нақшаҳои бунёдкорӣ, роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассиру намоён дошта бошанд.

Ҷамоати деҳоти Ворух яке аз калонтарин маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Суғд буда, проблемаю масъалаҳои ҳалталаби ҷиддӣ дорад.

Туфайли маҳорати баланди ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ, дилсӯзӣ нисбати ояндаи қишлоқу сокинонаш, обюрӯю эътибори хосаи раиси ҷамоат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Меҳриносо Рахматова ва дар фаъолияти хамарӯзааш такя намуданаш ба ташкилотҳои ҳизби имконият дод,ки дар ҳамаи самтҳо фаъолият дар ҷамоати деҳоти Ворух пешравиҳои назаррас амалӣ шаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи апрели соли 2021 замни сафарашон ба деҳаи Ворух  замҳатҳои раиси ҷамоат ва сокинони деҳаро хоса таъкид карданд.

Дар идомаи омодагиҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Меҳриниссо Раҳматова ва ташкилотҳои ҳизбӣ соҳибкорони саховатпеша ва мардуми қишлоқ  ба корҳои хайр, ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳа сафарбар ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Давоми 1,5 соли охир бо дастгирии ҳизбиён, ҷонибдорони ҳизб ва соҳибкорон 21 км роҳҳои дохили деҳа мумфарш, беморхонаи деҳа бо харҷи зиёда аз 1 млн сомонӣ таъмиру тармим гардиданд.

Бо иваз намудани 320 адад сим чуб, 8 адад трансформаторҳои маҳҳаллаю кучаҳо чароғон карда шуданд, ки 15  км қубури оби нушокӣ васл, ба масофаи 12 км ба ҷуйборҳо қубур хобонида шуд.

Дар маҳаллаҳои деҳа зиёда аз 1000 бех дарахтони ороишию сояафкан ба ҳусни деҳа ҳусн зам карданд.

Деҳаи Ворух “Деҳоти беҳтарин” –и соли 2021 дар вилояти Суғд дониста шуда, бо диплом, калиди рамзӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида  шуд.

Роҳбари ҷамоат Раҳматова М бо 3 медал, унвони “Аълочии фарҳанг” ва чандин ифтихорномаҳои вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ сарфароз гардонида шудааст.

Айни замон дар мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ барномаи давлатии тарақиёти иқтисодию иҷтимоии ҷамоати деҳоти Ворух дар баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 45 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Сохта ба истифода додани таваллудхона, бинои комиссариати ҳарбӣ, нерӯгоҳҳи барқӣ- офтобӣ, таъмири ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ дар назар аст.

 Маҳз ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ имкон дод, ки ҷамоат дар рӯзҳои нахустини даъвати баҳорона нақшаро иҷро намояд.

Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ҳамаи 15 ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди ҷамоат, ки дар онҳо  вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ Меҳриниссо Раҳматова, Некзод Хоҷазода, мушовири Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Саидхӯҷа Бақоев, фаъолони ҳизб Насиббидин Нуриддинов, Раҳмон Шораҳматов, Қирғизбой Ортиқов ва дигарон ширкат варзиданд, дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардиданд.

Дар ташкилотҳои ҳизбии “Ливои Ватан”, “Зафар”, “Хуршеди Ватан”, “И. Усмонов”, “Ниёгон”, “Ганҷи Ворух”, “Субҳи Ватан”, “Меҳан”, беморхонаи деҳа ва “Пайғом” ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, ташвиқотию тарғиботӣ, риояи талаботҳои Оинномаи ҲХДТ, интизоми дохилиҳизбӣ, татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ гуфтугӯи доманадор баргузор гардид.

Дар маҷлисҳо ба Конференсияи XXXIII-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара вакилон ва ҳайати раисон ва раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ интихоб карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *