Рубрики
Uncategorized

Исфара: Мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст!”

Санаи 29-уми апрели соли 2022 дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар маҷлисгоҳи хурди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст!” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г. мудири шӯъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Қаҳорова Д ва як гурӯҳ ҷавонону донишҷӯёни фаъол, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г ба  чорабинӣ ифтитоҳ бахшида,   суханро ба мудири шӯъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Қаҳорова Д дод.

Дар суханронии худ мудири шӯъбаи ҷавонони КИШ ҲХДТ зикр дошт, ки Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Аз тарафи иштирокдорони чорабини  оид ба мавзӯи мазкур баромадҳои пурмӯҳтаво карда шуд.Дар фарҷом ба як қатор аъзоёни ба сафи  ТҶҶ “Созандагони Ватан” қабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *