Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №12 аз санаи 10.02.2022 сол, ва бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ки аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ маншаъ мегирад роҳандозӣ гардид. Дар чорабинии мазкур 200 нафар ҷавонон, аъзоёни намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ҷалб гардиданд, иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, модарон ва ҷавонони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ин рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ модарон ва хонандагони муасиссаҳои таълимии шаҳр аз бурду бошти сарбозон дар қисми низомӣ дидан намуда, бовари ҳосил намуданд, ки бурду боши сарбозон дар қисми низомӣ дар сатҳи балан қарор дорад.
Дар фарҷоми чорабини аз тарафи модарон ва хонандагон ба сарбозони қисми низомӣ нон, ширинӣ, санбӯса ва дигар чизҳои лозима дода шуда, барномаи фарҳангӣ хотимабахши чорабинии мазкур гардид.