Рубрики
Uncategorized

Исфара: Семинарҳои дастурдиҳи

Дар асоси талаботи бандҳои 4.3 ва 4.11 – и Оинномаи ҲХДТ ва қарори №4 аз 09.04.2022 – и Маҷлиси Раёсати КИМ дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ омода ва баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуд.

Дар ин замина шурӯъ аз санаи 24.05.2022 аз ҷониби масъулини КИШ ҲХДТ дар ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркуҳ ва Сурх семинари дастурдиҳӣ оид ба баргузории маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ ташкил ва баргузор карда шуда, дар се семинари баргузор гардида 38 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Чунин семинарҳо дар дигар КИИ ва ТИ тибқи нақшаи тасдиқгардида идома дода мешаванд.

Дар ин машваратҳо маводҳои чопӣ аз қабили брашюра бо иқтибосҳо аз Оинномаи ҲХДТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, рӯзномаи маҷлис, тавсияҳо оид ба масъалаҳое, ки бояд дар маърӯзаи ҳисоботии раиси ташкилотҳои ҳизбӣ инъикос карда шаванд, намунаи протоколҳо тартиби гузаронидани маҷлис ва дигар маводҳо дастраси иштирокчиён карда шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *