Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуввуми соли 2021

Дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара “Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуввуми соли 2021”-ро мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Маҷлис бо иштироки раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» сурат гирифт.

Дар маърӯзаи ҳисоботии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёваддинзода зикр шуд, ки соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара фаъолияташро дар заминаи падидаҳои муҳими сиёсии кишвар ба роҳ монда, сокинони шаҳру деҳоти Исфараро ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард. Дар ин давра фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, 12 Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 204 ташкилотҳои ибтидоӣ густариш ёфта, дар маҷлисҳои Раёсат Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ташкилотҳои ибтидоӣ ва Конференсияҳо масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол корҳои тарғибӣ, оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифт. Бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бо дастгирии фаъолони ҳизб дар ҳамаи деҳаҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара бомаром идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ 1006 нафар шахсиятҳои дорои фазилати баланди сиёсиву ташкилӣ ба сафи ҲХДТ қабул ва теъдоди ҳизбиён дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 15504 нафар расид, ки 8888 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат ҳамзамон 31 адад ташкилотҳои ибтидоии нав таъсис ёфтаанд.

Роҷеъ ба маърӯзаи мазкур сардухтури БМШ Тайибиддин Муҳамедов, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар деҳоти Сурх Мирғиёс Назаров ва сарвари МТМУ №12 Ҳакима Атохонова ба музокира баромаданд.

Дар ҷараёни маҷлис раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода суханронӣ намуда, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро ба давраи фаъолияти шаш моҳи оянда муайяну мушаххас намуданд.

Дар интиҳо ба як гурӯҳ ҷавонон дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, фаъолони ҳизб барои дастовардҳои арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Исфара сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *