Рубрики
Uncategorized

Ифтитоҳи Маркази дӯзандагӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар ҳошияи баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи VXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар доираи эълони гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент «Маркази ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардида, 14 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардиданд.Дар Марказ занони хонашин ва камбизоат метавонанд намунаи ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзӣ, ҷелакдӯзӣ ва тоқиҳои занонаву мардонаро аз худ намоянд. Мақсад аз кушодани ин марказ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ касбу ҳунаромузӣ барои бонувон буда, бо ин васила пайдо намудани ҷойи кори муносиб мебошад. Дар расмӣ кушодашавии “Маркази ҳунарҳои мардумӣ” муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, гуруҳе аз шунавандагони курси бозомӯзӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд. Дар ҷараёни ифтитоҳи “Маркази ҳунарҳои мардумӣ” намоиши дастовези бонувони корманд, ки дорои сертификати махсусанд, пешкаш гардид. Дар марказ 28 нафар занони хонашин дар ду баст соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд ва дар назар аст, ки барои омӯзонидани занону духтарони деҳаҳои дурдасти шаҳр курсҳо ташкил мегардад.Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳизб ба масъалаи ҷалби занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.Модарону занони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз ифтитоҳи марказ ва шароитҳои хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти олии ҳизб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.Мавриди тазаккури хос аст, ки чунин марказҳо аз ҷониби ҳизб аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯшониён, Нуробод ва Рӯшон ифтитоҳ гардиданд.Бояд таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида, нишондиҳандаи фарҳанги пурғановати халқамон мебошад. Бонувони кишвар имконият пайдо кардаанд, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи давлат ва ҳукумат истифода бурда, ҳунари аҷдодии худро рушд диҳанд ва зиндагии хешро пеш баранд.Дар назар аст, ки чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат низ ифтитоҳ гарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *