Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо маблағи наздики 14 миллион сомонӣ дар заминаи иншооти солҳои зиёд дар истифодабудаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, иншоотро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Куркат” анҷом додаанд.

Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 24 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст ва барои таҳсили 1240 нафар хонанда дар ду баст шароит фароҳам гардидааст.

Таъкид бояд намуд, ки ҳамасола бо афзоиши аҳолӣ шумораи хонандагон дар ноҳияи Шаҳристон меафзояд ва талабот дар ин муассиса ба ҷойҳои нишаст зиёд мешаванд.

Бинои дуюм аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 120 нафар ва дар ошёнаи дуюм толори маҷлис бо 240 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин барои муассиса толори варзишии замонавӣ бунёд гардидааст. Саҳну ҳудуди ин боргоҳи таълими обод шуда, бо шинонидани дарахтони ороишию гулҳои мавсимӣ зебою назаррабо гардидааст.

Синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва утокҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсиҳои нав, ҷевонҳо, тахтаҳои электронӣ, маҷмӯӣ компютерҳо, аёнияту ҳамаи дигар таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассиса баҳри омӯзишӣ фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, баргузории машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннию рӯзгордорӣ шароити мусоид фароҳам гардида, китобхона, махзани китобҳои дарсию бадеӣ барои азхудкунии дарсҳо ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти насли наврас имкониятҳои васеъро доро мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоию сӯҳбат бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн бунёди чунин муассисаи нави зебою замонавии таълимиро идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои арзандаи таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ намуданд ва ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат аз ҳадафҳои асосии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Бунёди бинои хуштарҳу лоиҳавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон тӯҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзгорону сокинони ноҳияи Шаҳристон аз чунин таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандию сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, дар таълиму ба камол расонидани насли наврас ҳамаи нерӯю дониш, маҳорати таҷрибаи хешро равона месозанд, то фарзандон бо донишу маърифат ва дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир гардида, дар таҳкими пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ тадбирҳои зиёд амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар ноҳия биноҳои 15 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ карда шудааст. Алҳол сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти ноҳия ҷараён доранд. Имрӯз дар ноҳия 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти давлатии Гимназияи рақами 1, 1 интернати назди мактабӣ ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд ва дар онҳо наздики 10 ҳазор нафар фарзандони сокинони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1110 нафар омӯзгорон кору фаъолияти пурсамар дошта, дар соҳаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбии омӯзгорон тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, чораҳои ҳавасмандгардонӣ имкон медиҳанд, ки соҳибихтисосҳои ҷавон ба кори омӯзгорӣ бештар ҷалб карда шаванд. Дар соли хониши 2020-2021 50 нафар мутахассисони ҷавон аз ҷумла, 22 нафар хатмкунандагони гуруҳи буҷетӣ ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи роҳхат ва 28 нафар мутахассисон, ки донишгоҳу донишкадаҳои олиро тариқи шартномавӣ хатм намудаанд, аз рӯӣ ихтисосҳои лозимӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намудаанд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона гардидаанд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон баланд бардошта шаванд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26221

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *