Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Хуросон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Маҳмуд Бобоев бо санъати баланд омода гардидааст.

Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Хуросон бо назардошти таҳкурсӣ 9,65 метрро дар бар мегирад.

Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, дар назди он як фаввора сохта шудааст.

Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни он зебогии дигар зам гардид.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Шоҳона” – и шаҳри Душанбе мебошад.

Дар ноҳияи Хуросон бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ боз як мавзеи хуби сайругашти сокинон ва меҳмонон бунёд гардид.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27127

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *