Рубрики
Uncategorized

ИҚДОМИ НАҶИБИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА ДАР РӮЗҲОИ САРМОИ ШАДИД

Бо ташаббуси раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода барои кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ таъоми маъруфи миллӣ – оши палав омода ва дастрас карда  шуд.

Чунин иқдоми наҷиби раиси ноҳия дар  рӯзҳои сардии дар солҳои охир беназир аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо бо хушнудӣ истиқбол ёфт.

Бояд гуфт, ки аз нахустин рӯзҳои сармои шадид раиси ноҳия Аъзам Ализода дар паҳлӯи кормандони идораҳои роҳ, коммуналӣ ва барқ буда,  ҳамеша саъю талоши худро барои  фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои коргарони муассисаҳои мазкур ва пурсамар гардонидани фаъолияти ситоди ноҳиявии зимистонгузаронӣ равона намудааст.

Ғайр аз ин бо ташаббус ва сарпарастии раиси ноҳия ба як гуруҳ оилаҳои ниёзманд  хӯрокворӣ ва маводи сӯхт тақдим карда шудааст.

М. АБДУҶАББОР,

“Нигоҳи халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *