Рубрики
Асосӣ Мақола

ИҶЛОСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Сӣ сол муқаддам дар толори таърихии “Қасри Арбоб” Иҳлосияи ХVI Шўрои Олии Ҳумҳурии Тоҳикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд.

Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳамияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи мўҳташами сулҳ дар Тоҳикистон ном ниҳод.  Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллие ба вуҳуд овард.

Дар он шабу рўз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омўзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба кори мақсадноку самаровар оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногун гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сўи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҳикистон ворид шуд.  Бешубҳа, Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҳумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рўи кор овард.

Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармон ба тасвиб расонд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду бовари мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҳуд овард.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонун “Дар бораи гурезагон”, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи           шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Ҳар сол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, барои хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Бори дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.

Хуллас, ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо, як навъ, азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаи ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонони кишвар  аз он иборат аст, ки баҳри оромии ҷомеа ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дўстиву рафоқат пайдо мегарданд.

Назирҷон МИРМУЛЛОЕВ,

мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ

дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *