Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: Дар иҷрои рисолати ҳизбии хеш фаъол бошем

Бо иштироки раисони кумиҷроияҳои шавҳру навоҳии вилоят, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятии  ҲХДТ маҷлиси машварати назди Раиси кумиҷроия доир гардид.Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кории маҷлиси машваратӣ ошно намуд. Номбурда дар идомаи гузориш аз натоиҷи гурӯҳҳои кории кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Масчоҳ хулосагирӣ намуда, барои ислоҳи вазъ дар самти ҳаракати аъзо, саривақт доир намудани маҷлиси Раёсат, таҳияи саривақтии суратҷаласаҳо аз ҷараёни ин ё он чорабинӣ, натиҷаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бо ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъмин будани ташкилотҳои ибтидоӣ, ташкили сомонаи ҳизбӣ, саривақт баргузор намудани соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ,  бозбинии шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, насби шиору овезаҳо дар пештоқи ташкилотҳо ва хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, аз рӯи нақшаи корӣ амал намудан дастури қатъӣ дод.

Мавсуф дар идомаи суханронии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва иштироки намояндагони кумиҷоияи вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ дар он,  қабули сифатноки аъзо,  ҷараёни гузаштан ба махзани электронӣ,  дар сатҳи лозима баргузор намудани чорабиниҳои “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” ва тақвияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳафтаи аввали моҳ,  вусъати корҳои тарғиботию ташвиқотӣ,  пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ,  қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, вусъати сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Гулистон, Истравшан ва Ҷаббор Расулов, ҳолати таъминот бо заминҳои ёрирасон дар кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ, ҳамкорӣ бо МИҲД,  рушди ҳунарҳои мардумӣ ба аҳли нишаст супоришҳо дод. Дар фарҷоми чорабинӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон таъкид дошт, ки армуғони идонаи ҳизбиёни вилоят ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли миллӣ ин пеш аз ҳама содиқона иҷро намудани рисолати ҳизбӣ аст. Ӯ барои боз ҳам хубар ҷараён гирифтани озмуни вилоятии “Беҳтарин кумиҷроия”, “Беҳтарин шуъба” ва “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” таклифҳои судманд дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *