Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: Ифтихор аз Пешвои миллат дорем

Бо ҳамкории КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд чорабани бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурова, собиқадори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд иштирок намуданд. Чорабиниро муовини Раиси кумитаи фавқуллода Ширин Собирзода ифтитоҳ намуда иброз намуд: Ифтихори мо – мардуми сарбаланди кишвар аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат сиёсатмадори баркамоли сатҳи ҷаҳонӣ буда, мактаби сулҳофаринии эшонро тамоми давлатҳо намунаи ибрату омӯзиш эътироф намудаанд.

Дар ҳақиқат, Пешвои миллат на фақат барои ҳалли муаммоҳои дохилӣ, балки барои бартараф намудани проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ пешниҳод ва масъалагузорӣ менамоянд. Ҳамчунин, оид ба ташаббусҳои созандаву дурбинонаи ҷаҳонии Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои об Антониу Гутерриш -дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баён медорад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Ин нуктаро собиқадори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров дар чорабинии мазкур ёдовар шуд.

Сипас муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурова ба сухан баромада иброз намуд, ки воқеан, самараи бобарори сулҳу ваҳдати комили кишвар баҳри ҳалли масъалаву муаммоҳои дохилии Ватани азизамон, расидан ба зиндагии босаодату шоиста ва амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, ба сомон расидани корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеӣ гузошт.

Дар фарҷоми чорабини фаъолони ҲХДТ бо сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *