Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

         Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Кумиҷроия бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, аъзоёни Раёсати кумиҷроияи вилоятӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ -и шаҳру ноҳияҳо, фаъолону собиқадорони ҳизб баргузор гардид. 

Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Кумиҷроия бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кори худ оғоз намуд. Дар баромади номбурда таъкид шуд, ки баҳри тақвияти  фаъолияти кори дохилиҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ, шуъба ва бахшҳои беҳтарин” эълон гардид. Ҳамчунин, ҳар ҳафтаи аввали моҳ “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” эълон карда шуд, ки ин иқдом дар самти пешбурди фаъолият ва ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мусоидат намуда истодааст. Дар идомаи суханронии худ мавсуф бобати фаъолияти дохилиҳизбӣ, муқоисакунии аъзоён, рафти баргузории амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”, дар сатҳи баланд доир шудани озмунҳои “ Мо бо Шумоем”ва “Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ”, масъалаҳои сохтмон ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ, нақши ҷавонон ва занон, вусъати корҳои таблиғотӣ ва дар ин замина пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ҳарф зад.  

Сипас, Раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва шаҳри Конибодом, Раиси Бобоҷонзода Азимҷон Тоир аз корҳои басубутрасонида дар давраи ҳисоботӣ маъруза намуданд.  

Инчунин дар маҷлис гузориши вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Дадобой Холматов” №69 ноҳияи Б.Ғафуров  Қаландарова Махсуда Абдуллоҷоновна оид ба иҷрои барномаи пешазинтихоботӣ шунида шуд.

Ҳозирин доир ба корҳои иҷрошуда бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ гузориши муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва роҳбари дастгоҳи КИВ ҲХДТ Бахтиёр Исматҷоновро шуниданд.

Дар баромади Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон қайд шуд, ки омодагии оид ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бисёр назаррас аст. Иншоотҳои ҷашние, ки теъдоди он 7579 мебошад,  дастовариди бузурги сокинони вилоят пешорӯи ҷашни милли мамлакат аст. Мавсуф ҳамчунин оид ба тақвиятбахшии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва дар заминаи он ташкили маҳфилҳои омодагии дифои ҳарбӣ, пурмӯҳтаво намудани мазмуну мундариҷаи нашрияҳои ҳизбӣ ва вусъати қабули обуна ба онҳо, тақвиятбахшии ташкилотҳои ибтидоӣ ва саривақт доир намудани ҷаласаҳои ҳисоботӣ, ҷоннок намудани фаъолияти шуъбаи занони вилоят дастуру ҳидоятҳо дод.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ салому паёми Раиси вилоят, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни кори ҷаласа расонида, аз ҳамкориҳои мутақобилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо кумиҷроияи вилоятӣ сухан ронд. Зимнан мавсуф таъкид дошт, ки  фарҷоми моҳи апрел бинобар бинобар шиддат гирифтани муносибатҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар мавзеи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара 29 хонаводаи ин маҳал зарар диданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи кӯтоҳ ин хонаҳо пурра барқарор ва бо ҷиҳози лозимаи рӯзгор таъмин гарданд.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз рӯзҳои нахустини ин фоҷеа паҳлӯи мақомоти иҷроия буд. Ҳизбиёни  вилоят борҳо ба ин мавзеъ сафар карда бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъӣ ба сохтмончиён кӯмак расониданд.  Ҳамзамон   барои бунёду сохтмони манзили истиқоматии як хонавода ва таъмиру барқарор намудани қисми хонаи оилаи дигар, ки дар муноқишаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон зарар дидаанд, саҳм гирифанд.   

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон изҳор намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирии ҳамешагии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҳамарӯза  эҳсос менамояд. Кумиҷроияи вилоятӣ ҳамаи нерӯ ва қувваи худро минбаъд баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳо сарф мекунад ва бо дастовардҳои азими меҳнатӣ ҷашни 30 – солагии Истиқлоли миллиро пешвоз мегиранд.

Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор ҷаласа оид ба натиҷаи фаъолияти шаҳмоҳаи кумиҷроияи вилоятӣ ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *