Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат мебошад.
Санаи 22-юми июни соли равон соати 9:00 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхўҷа Асирӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дар сухани ифтитоҳии хеш оид ба мақсаду мароми озмун сухан намуда, иброз дошт, ки Бобоҷон Ғафуров бо як ҷасорати ба худ хос ва далелҳои қотеъ анъанаҳои фарҳангиву таърихии давлату давлатдории тоҷиконро давоми чандин ҳазор сол гирдоварӣ ва арзёбӣ карда, айни замон ба таҷрибаи таърихии инсоният ва мероси фарҳангии дигар сокинони қаламрави Осиёи Марказӣ баҳои холисона ва одилона додааст.
Барҳақ, хизматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров дар ҷодаи ба ҷаҳониён ҳамчун мамлакати мутамаддин муаррифӣ намудани Тоҷикистон ва густариши робитаҳои он бо мамлакатҳои мутараққии олам туфайли шоҳасари «Тоҷикон» ангеза бахшидани консепсияи назари нав ба осори ин маданияти воло ва гузаштаи пурифтихори миллати оламгир басо бузург аст. Осори мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров намунаи барҷастаи корномаҳои ибратомӯз ва талошҳои меҳанпарастона ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, фарзанди фарзонаи миллат дар кори таҳкими раванди сулҳу осоиштагӣ дар қитъаҳои мухталифи олам хизмати бузург ба анҷом расонидааст. Аллома, баробари омӯзиши таърих, дар масъалаи ҷамъоварӣ ва эҳёи ганҷинаи маданияти миллӣ саҳми беназир дорад.
Мавсуф иштирокдоронро бо шартҳои озмун шинос намуда, ба иштирокдорон комёбӣ таманно кард. Ба даври вилоятии озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” 27 нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10–11 роҳхат гирифтанд. Аз рўйи баҳогузории аъзои ҳакамон дар байни донишҷўён ҷойи аввал насиби донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Ҳоҷиев Фарҳод, ҷойи дуюм насиби донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон Зиёдуллоев Сӯҳроб ва ҷойи сеюм насиби донишҷўи курси 1-уми факулттети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Нурализода Оишамоҳ гардид. Дар байни хонандагони синфҳои 10–11 ҷои якум насиби хонандаи синфи 10-уми литсейи “Ю. Рустамов” Худойдодова Мижгона шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм насиби хонандаи синфи 11-уми Мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодирова Меҳрафрӯз гардид, ҷойи сеюмро бошад, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 нохияи Мастчоҳ Нуров Ризвон соҳиб гашта, ба даври чањорум – ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон ва иштирокдорони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.