Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: Рушди оммавияти футбол ва дарёфти чеҳраҳои нави футболбози меҳан

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо иштироки намояндаи Федератсияи футболи вилояти Суғд  Аҳлиддин Юнусов,  намояндаи Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода, раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба баргузории мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ доир гардид.

Нахуст Раиси кумиҷрояи вилоятӣ аз муҳимияти баргузории муобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ ҳарф зада, баён дошт, ки бо мақсади оммавияти варзиш, рушди футболи меҳан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муҳимтар аз ҳама сарҷамъи байни маҳалу минтақаҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказӣ наздик ба 15 рӯз аст, ки дар сар то сари вилоят даври аввали мусобиқаи футбол бо иштироки 571 даста муташаккилона ҷараён дорад. Зуфар Исмоилзода дар баромадаш таъкид дошт, ки ин мусобиқа дар доираи талаботҳои низомномаи озмун доир карда шуда, диққати асосӣ ба интизом ва эҳтироми якдигар дода шавад. Бояд, ки ҳар як даста бо либоси махсуси варзишӣ баромад намуда, дар асоси нишондодҳои мураббиён амал намоянд. Дар ин ҷода ҳамкориро бо шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи ин ё он шаҳру ноҳияҳо вусъат бояд бахшид. Кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоятро мебояд беҳтарин даста,  дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳуҷумкунанда ва нишонзанро сазовор қадршиносӣ намоянд. Раиси кумиҷроя ёдовар шуд, ки даври аввал то санаи 5 август ҷамъбаст гардида, даври дуюм аз санаи 10 то 30 август, даври сеюм аз санаи 15 то 25 сентябр, даври чорум аз санаи 30 сентябр то 15 октябр ҷараён мегирад.

Дар баромади Аҳлиддин Юнусов таъкид шуд, ки чорабинии мазкур дар ҳошияи “Барномаи рушди футбол дар деҳот барои солҳои 2021 – 2024” роҳандозӣ гардида, яке аз ҳадафҳояш дарёфти чеҳраҳои нави футболбоз аст. Бояд гуфт, ки дар чунин сатҳ баргузор гардидани футбол бо иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шоистаи дастгирист ва Федератсияи футболи вилояти Суғд ин иқдомро дастгирӣ хоҳад кард.

Намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода, коршиносони варзидаи соҳаи футболи вилоят Инъомҷон Алиҷонов ва Инъомҷон Муҳиддинов таъкид карданд, ки бояд ташкили мусобиқа аз сатҳи поёнӣ то ба даври вилоятӣ дар як маҷрои муаяйн доир карда шавад. Номбурдагон баргузории мусобиқаи “Тӯби чармин”-ро  ки солҳои пеш бо ширкати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мешуданд, мисол оварда, барои баланд бардоштанни масъулияи кормандони кумитаи тадорукот дастурҳо доданд. 

Дар фарҷоми маҷлиси кумитаи тадорукот раиси кумиҷроияи вилоятӣ ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд доир шудани мусобиқаи мазкур ва интихоби ду дастаи пурқувват барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ барор хост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *