Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Дар ташкилоти ибтидоии “Бахши Фарҳанг” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, кормандони китобхона марказии ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбасти «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонону наврасон бояд вақти холигии худро баҳри мутолиаи китобҳо истифода намоянд. Зеро китоб ҳаёти ҷавонии ҳар яки моро рангин намуда, шахсро ба роҳи дурусти орӣ аз ҳама гуна зуҳурот талқин месозад.
Рубрики