Рубрики
Uncategorized

КИТОБ САРЧАШМАИ МАЪНАВИЯТ

Китоб калиди маърифат буда, таҷрибаю тафаккури донишмандонро дарбар мегирад. Он аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дорост. Хондани китоб ба инсон нерӯву тавоноӣ бахшида, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Бахшида ба ҳафтаи фестивали умумиҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон” дар китобхонаи “Авесто”-и ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфил намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Зимни суҳбат мудири китобхона Негматова Н қайд кард, ки дар китобхона зиёда аз 8033адад китоб мавҷуд буда, 324 нафар ҷавонону наврасон аъзо мебошанд. Хонандагони фаъоли китобхона композитсияи адабӣ омода ва пешкаши иштирокчиён намуданд.

Мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ кудакону наврасонро барои боз ҳам бештар мутолиа намудани китобҳои бадеӣ ва иштирок намудан дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ “ тарғиб намуд. Дар ҳақиқат, баргузории ин озмун бори дигар собит сохт, ки Сарвари давлат ба ин ганҷи бебаҳо эътибори махсус дода,баҳри баланд бардоштани маърифати кӯдакону наврасон эътибори бағоят бузург медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *