Дирӯз дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Зуфар Исмоилзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, аъзоёни Кумитаи иҷроия , раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли пешин ва вазифаҳо дар соли 2021 ҳисобот дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки ташкилоти ҳизбии шаҳр дар соли 2020 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, баргузор намудани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии сирояти бемории вогири коронавирус, такмили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, роҳандозии корҳои тарғиботӣ, ташкили ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногун, дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Шералӣ Юсуфов- раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии корхонаи муштараки “Зарафшон”, Дилшод Баҳронов- раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Истам Икромов- раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Моғиён дар музокираашон ба фаъолияи Кумитаи иҷроия дар соли 2020 баҳои баланд доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Зуфар Исмоилзода нақши ҳизбро дар баргузории интихоботҳо, тадбирҳои пешгирии пандемияи коронавирус, корҳои ободонию созандагӣ таҳлил намуда, аз вазифаҳое, ки пешорӯи кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар соли таҷлили 30- солагии истиқлоли Тоҷикистон истодаанд ва аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ёдовар шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳамкории густурдаи Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизбро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар иҷрои ҳадафҳои барномавии ҳизб ва Ҳукумати мамлакат зарур арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроия раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Зуфар Исмоилзода ба ҳозирин мӯҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ намуда, аз фаъолони ҳизб даъват кард, ки дар татбиқи ҳадафҳои он саҳми бориз гузоранд.