Ба ҳамагон аён аст, ки имрӯзҳо терроризм ва эктремизм яке аз муаммои рӯз гардида, тамоми ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла, давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, инчунин ба давлати мо низ расида истодааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба ваҳшонияту даҳшат ва қатлу тороҷ гирифтор шудааст ва аҷибтараш он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Аммо чӣ тавре, ки Пешвои муаззамамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест , яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.” Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин надоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои дунё баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мардум олудаи дасисагӯиҳои хоинони миллат нагарданд. Мо бояд шукри Истиқлолияти Ватан, тинҷию оромии кишварамонро кунем. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Мутахассиси шуъбаи иттилоот ва таблиготи Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шахри Конибодом: Урунова Г.И