Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ:БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БУНЁДКОР”

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор шуда, кормандони КИШ ҲХДТ дар он фаъолона иштирок доранд. Рӯзи гузашта чунин Маҷлиси ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи Бунёдкор (ЛКСК) баргузор гардид. Дар маҷлис се масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд.

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ

2. Рафти иҷроиши қарорҳои маҷлиси КИШ ҲХДТ

3.Интихоби раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ

Зимни ҷаласа мудири шӯъбаи ташкилии КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Фирӯз ба сухан баромада, доир ба сиёсати созандаи Раиси ҲХДТ,мақсаду мароми ҲХДТ, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, суханронӣ намуд ва иштирокдоронро бо 24- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *