Рубрики
Uncategorized

Конибодом:Даъват ба ҳамдилӣ

Санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар идомаи рафти мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои банди 18-и протоколи ҷаласаи кории назди Раиси вилояти Сугд аз 13-сентябри соли 2021 ва иҷрои барқияи №79-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 25.09.2021 баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ, таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ бо ҷавонону наврасон ва фаъолони ҳудуди ҷамоати деҳоти Фирӯзоба (Ғафурҷон Ортиқов) мулоқот баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот аъзоёни гурӯҳи корӣ, Бобоҷонзода Азимҷон Тоир – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, Ғаниев Наимҷон – Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Абдусабури Абдуваҳҳоб – сармуҳаррири рӯзномаи “Суҳани Халқ” ва Ҳидоятов Нуруллохон – ходими дин доир ба хатарҳову паёмадҳои терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда ибрози андеша намуда, ин падидаро омили нооромиву парокандагӣ ва парешониву ноумедии мардум арзёбӣ намуданд. Аз нишастагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ барои пешгирии амалҳои номатлуб бештар байеи ҷамъият бошанд ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *