Санаи 17-уми июн дар идомаи рафти Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи И.Сомонӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис се масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд.
1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ;
2. Рафти иҷроиши қарорҳои маҷлиси КИШ ҲХДТ;
3.Интихоби раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ;
Зимни ҷаласа мудири шӯъбаи ташкилии КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Фирӯз ба сухан баромада, доир ба сиёсати созандаи Раиси ҲХДТ,мақсаду мароми ҲХДТ, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, суханронӣ намуд ва иштирокдоронро бо 24- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.