Рубрики
Uncategorized

Конибодом:ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР КФҶ “ТАЪМИРИ ҚАТОРАИ МАҲРАМ”

Санаи 2-юми июл дар идомаи рафти Маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҚФҶ “Таъмири қатораи Маҳрам” баргузор гардид.

Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома котиби ташкилот Ғафуров Эркин доир ба фаъолияти дусолаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод.

Баъдан, намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос ба сухан баромада, доир ба нақши ташкилоти ибтидоӣ дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ва саҳми кормандони коргоҳ дар рушди соҳаи саноати кишвар ибрози афкор намуда, доир ба боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дод ва аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. Ҳамзамон, намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб зимни суханронии худ ба масъалаи пешгирии хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавирус, амалишавии Қонунҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хусусан кишти такрории картошка ибрози афкор намуд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Хушбахтов Абдуҷаббор раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои зарурӣ қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *