Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 15-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади боло бардоштани эҳсоси Ватандӯстиву Ватандорӣ ва ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ аксияи тарғиботиро таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни Ватанем” дар қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом баргузор намуд. Чорабинӣ бо намоиши аслиҳаҳои ҷангӣ ва шиносоӣ аз вазъи зисти сарбозони қисми низомӣ оғоз гардид.
Сипас, зимни қисмати расмии аксияи мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир доир ба саҳми насли ояндасози Ватан дар таъмини сулҳу якпорчагии кишвар ва таъмини амнияти давлату миллат баромад намуда, ҷавононро барои гузаштан аз мактаби мардонагӣ, амалӣ намудани рисолатӣ шаҳрвандӣ, нигоҳ доштани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар пешгирии зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа ва манфиатҳои миллату давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан даъват намуд. Дар ин ҷода, доир ба мавзуъ Тӯхтабоева Моҳиниссо – раиси кумитаи маҳаллаи “Мирмуъмин” ва Аюбов Ҳасан – донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ба номи “Мирзо Турсунзода”-и шаҳр ибрози афкор намуданд.
Баъдан, зимни қисмати фарҳангии чорабинӣ ҷавонони даъватшуда ва сарбозони қисми низомӣ бо суруду оҳангҳои дилнишини ҳофизони бахши фарҳанги шаҳр рақсу хушнудӣ намуданд.