Масъулини Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оиди пешгирии бемории сироятии COVID 19, бобати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ байни сокинон субҳи имрӯз дар бозори деҳаи ” Равот”-и ҷамоати деҳоти Пӯлодон корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монданд. Махсусан бо нафақахӯрон ва волидайне , ки дар бозор бо кӯдакони ноболиғ гаштугузор доштанд , мулоқот гузаронида шуда , баъдан ба сокинони деҳот Мурочиатномаи ҲХДТ тақсим карда шуд. Ҳамчунин Муроҷиатнома бобати ҳушдор сохтани мардум дар ҷойҳои намоён насб карда шуданд.
Рубрики
Конибодом: Амалиёт дар бозорҳои деҳот
