Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Амалҳои хоинони Ватанро маҳкум менамоем !

Халқи тоҷик аз қадимулайём дӯстдор ва ҳимоятгари асили Ватани худ буданд.Барои муҳофизати марзу бум ва эмин нигоҳ доштани халқу миллати аҷдодӣ ҷоннисориву қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.

Ана ҳамин хислатҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарастии гузаштагони мо буд, ки мардуми шарафёби халқи тоҷик имрӯз дар чунин давлату миллати озодкуҳан ва тинҷу осуда ҳаёт ба сар мебаранд.

Хушбахтона, мо -тоҷикистониён дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ дорем.Имрӯз мардуми кишвар ҷашни 25-солагии Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллиро бо хушнудии зиёд таҷлил менамоянд. Маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ дар диёри ҷангзадаи мардуми тоҷик боз шодиву сурур, хурсандиву хушнудӣ ва тинҷиву осоиштагӣ ҳукмфармо гардид . Танҳо сиёсати сулҳ парварона ва ободкоронаи Сарвари давлат буд , ки душворию монеаҳо паси сар шуд , рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ ба рӯ шуд.

Шукронаи замони тинҷиву осудагӣ мекунем ва шукрона мекунем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ дорем. Маҳз ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки  мо ба чунин рӯзи пурсаодат расидем. Хонаи ободу дастурхони пурнозу неъмат , меҳнати озоду табъи дил – ҳама паёмади Ваҳдати миллӣ аст.Мутаассифона, бархе аз ҳаммиллатон ба шукуфоии Ватани худ ҳасад мебаранд ва намехоҳанд давлат зери ливои сулҳу дӯстӣ қарор гирад . Ин гурӯҳи ифротгароён дур аз Ватан қарор гирифта, гурӯҳи мардум ва хоса ҷавононро бо суханони дурӯғин ва бо амалҳои бардурӯғи “ватандӯстона” гумроҳ ва раҳгум месозанд. Ҳамчунин бо амалҳои номатлуби худ анбуҳи одамонро ба иғво меандозанд. Бо ҳадафҳои ғаразноки худ фазои ободу осоиштаи мардуми меҳнаткашро халалдор месозанд. Гумон мекунанд, ки бо роҳи фиребу найранг ва амалҳои нопок Ватани чун баҳор шукуфазорро ба хазон табдил медиҳанд.

Эй хонинони Ватан !Ҳеҷ гоҳ ба мақсади ифлоси худ ноил намегардед. Мардуми сарбаланди тоҷик бо қалби пурмеҳри ватандӯстона зимоми давлатдориро ба ихтиёри ифротгароёни нопок намедиҳанд ва   нахоҳанд дод.

Ҳамватанони азиз , биёед, сарҷамъона бо дилу поку беолоиш Ватанро аз зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ дорем.Баҳри шукуфоӣ ва пуриқтидории Ватани  маҳбуб саъю талош варзем ва ба ояндаи дурахшони насли навин заминаи мусоид фароҳам созем. Якдилона сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами кишварро ҷонибдорӣ намуда, бар зидди гурӯҳи ифротгароён ва амалҳои ғаразовари онон мубориза барем.

Нест бод , терроризм !

Зиндаву поянда бош, Тоҷикистони ваҳдатофарин !

Абдуллоева Марҳабо

 Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти  Суғд,

директори МТМУ 4 ба номи А .Абдураҳмонови ш.Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *