Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату вохӯриҳояшон қайд менамоянд, ки касе аз берун омада Ватани моро намесозад бояд мо худ созандаи кишвари худ бошем чуноне, ки шахсиятҳои зиёд баҳри ин миллату сарзамин ҷон нисор намуданд ва Ватанро аз чашми душман эмин нигоҳ доштанд.
Ватан – модар ин ду мафҳуме мебошанд, ки сараввал мо бо ҳар дуи онҳо ошно мешавем ва ончунон меҳр ба онҳо мебандем, ки на тоқати дурӣ ва на ҷудоӣ аз онро таҳаммул мекунем. Оре ҳар дуи ин мафҳум барои ҳар як шахс муқаддас ва азиз ҳастанд . Бояд ҳар яки мо диёри хешро дӯст дорем ва доимо баҳри ҳифзу амнияти он камари ҳиммат бандем. Бояд хизмати Модар- Ватанро бечуну чаро адо намуд, вале имрӯз нафароне пайдо мегарданд, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанд ва ҳатто баҳри хеш бисёр баҳонаҳоеро пеш меоранд. Охир дӯстдори Ватан будан муҳимтар аст. Бояд инсон дӯстдорӣ ва муҳаббати бепоёни худро нисбат ба Ватан бо амалу рафтори ҷавонмардонаи худ нишон диҳад то намунаи ибрати ҷавонони дигари кишвар гардад.
Ногуфта намонад, ки дӯстдори Ватан будан аз гӯшаи имондорист, пас ҳар қадар мо баҳри тинҷию ободӣ, ҳифзу амнияти он кӯшиш намоем, боз кам аст.
Месазад ҳар коре аз дастамон меояд баҳри кишвари азизамон дареғ надошта доимо баҳри ободтару амнтар гардидани ҳар гушаи он саъй намоем ва ватани худро худ ҳифз намоем.
Шерматов Ҷаҳонгир- узви ТҶҶ “Созандагони Ватан”- кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом