Аз 6000 нафар фиристодагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо 3000 нафар бо Ғалаба баргаштанд, ки ҳар якеро захми тири ҷонкоҳи душман як умр азият додааст. Аз ин нафарони баруманду ватандуст дар миқёси шаҳри Конибодом танҳо 2-нафар иштирокчиёни ҷанг ва 2- нафар иштирокчиени ақибгоҳ имруз умр ба сар мебаранд.
Валентина Ҷураеваи 94-сола аз зумраи он нафаронест, ки дар ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои табобати захмиёни ҷанг ҷон ба каф гирифтаву хизмат кардааст. Ҳамсараш сокини шаҳри Конибодом Султон Ҷураев аз пойи чап мемонад ва ишқи духтари рус ӯро бо Ғалаба ба Ватан меорад.
Аъзоёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба аёдати ин қаҳрамонмодари рус, ки 75-соли умри худро дар Тоҷикистон гузаронидаву оилаи беҳтаринро бунёд кардааст, ташриф оварданд. Суҳбати озоди ин зан ба забони ширини тоҷикӣ ба хонандагон писанд афтода,барои шуҷоату матонат ва зиндагонии ибратбахшаш таҳсинҳо хонданд.
Валентина –хола аз замони ҷанг нақлҳо намуда, ҳаёташро дар Тоҷикистон беҳтарин арзёбӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур афзудани ҳисси ватандустӣ дар ниҳоди насли ҷавон, тарбияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.