Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ-АНҶУМАНИ САОДАТБАХШ”

  Тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр Абдуллоева Марҳабо санаи 16уми ноябри соли равон дар муассисаи таълимии рақами 4 конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз-анҷумани саодатбахш” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфренсияи мазкур намояндагон аз кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ,шуъбаи маорифи шаҳр ,собиқадорон, фаъолони маҳал ва омӯзгорону муҳассилини муассисаи номбурда ширкат варзиданд.

   Кори конфренсия бо шиносоии меҳмонон оғоз гардид. Аз тарафи вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Ҷавонон №17 дар шаҳри Конибодом, директори муассиса Абдуллоева Марҳабо маърӯза дар мавзӯи “Нақши Иҷлосия дар эъмори давлатдории миллӣ” ироа гардид.

 Ҳамчунин дар ҳамин самт аз тарафи омӯзгорони фаъол Шаропова М, Ашрафов А ва аз ҷониби гирандаи идрори Президентӣ хонандаи синфи 11 Икромова Ф маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар фарҷоми қисмати аввал меҳмонон як-як суханронӣ намуда,  аз таърихӣ будани Иҷлосияи сарнавиштсоз ёдовар шуданд ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди давлатдории навин муҳим арзёбӣ намуданд.

      Ҳамчунин, дар қисмати дуюми конфренсия қироати шеърҳо, рақсу суруд  аз тарафи хонандагони муассиса чорабиниро боз ҳам шукуҳи хосае бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *