Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.
Бо назардошти таъкидҳои доимии Пешвои миллат ҳамасола дар соаросари кишварамон 15-уми май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии оила” ҷашн гирифта мешавад.
Оила- сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ,идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.
Дар ҳамин радиф санаи 10-уми майи соли ҷорӣ бо сокинон ва оилаҳои намунавии ҷамоати деҳоти ба номи Пӯлотон дар тарабхонаи “Олимиён” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз МИҲД-и шаҳри Конибодом ва инчунин намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок варзиданд.
Нахуст намояндагони МИҲД шаҳри Конибодом бо расонидани номаи табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии 1-сола Султоновҳо аз маҳаллаи Дадохон Олимов, оилаи 45-сола Эргашевҳо аз деҳаи Равот ва оилаи 65-сола Умаровҳо аз деҳоти Ғалчамулло ҳузур доштанд. Намояндагони оилаҳо дар рафти чорабинӣ аз ҳаёту фаъолияти худ нақлҳо карда,аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ хислатҳои хуби инсонӣ, ба монанди сабру таҳаммул, мардонагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростию ростқавлиро пешаи худ кунанд.
Инчунин, аз тарафи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба модароне, ки фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, Сипосномаи КИ ҲХДТ ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи овозхони шинохта Дилшод Зоиров сурудҳои дилписанд табъи ҳозиринро болида намуд.