Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Баррасии масъалаҳои мубрами рӯз

Ин навбат мулоқоти тарғиботӣ бо ибтикори масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо омӯзгорони муассисаи таълимии №14 такшил ва гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои мубрами рӯз зери баррасӣ гирифта шуд. Дар рафти мулоқоти озод масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба мавзӯҳои муҳими рӯз, ба монанди даъвати насли ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон , шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонун дар бораи танзим ва анънаҳои мардумӣ, Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва ҳамеша доштани зиракию ҳушёрии сиёсӣ суханрониҳо карданд. Инчунин дар рафти сӯҳбат оид ба баррасӣ ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз тарафи роҳбари муассиса ва бархе аз омӯзгорони фаъол ақидарониҳо шуда, эшон миннатдории хешро нисбат ба роҳбарияти давлату ҳукумат баён карданд.

Дар фарҷоми мулоқот омӯзгорони ҷавони муассиса ба сафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом қабул карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *