Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо ҷалби гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолон,вакилон ва собиқадорони ҳизбӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ,раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,ки 21. 12. 2022 ироа гардид,силсилаи мулоқоту вохуриҳо роҳандозӣ гардида истодааст.
Чунин мулоқот санаи 16.02.2022 дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №46-и деҳаи Равоти шаҳри Конибодом бо иштироки бархе омузгорон сурат гирифта,онро директори муассиса, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нишонова Лобархон ҳусни оғоз бахшид. Дар мулоқот муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фируза Шерматова суханронӣ намуда, соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидии кишвар арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд,ки давлату ҳукумат ,шахсан роҳбари давлатамон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва қайд карданд, ки омӯзгорон ҳамчу як қишри муҳими таълиму тарбия бояд ҷавонони имрӯзаро дар роҳи рост, ватандӯстию ватанпарварӣ,хештаншиносию худогоҳии миллӣ равона созанд.