Таҳти чунин унвон нисфирӯзии 8-уми апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии №25 чорабинии тарбиявӣ – ватандустӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муҳассилини синфҳои болоии муассисаи мазкур бо барномаҳои ҷолиб ба монанди қироати шеърҳо оид ба Ватан,саҳначаҳои пурмазмун ва рақсу сурудҳо ва бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баромад карданд. Роҳбари муассиса Ғанизода Фируза ва муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза бо ҷавонону наврасони муассиса суҳбати озод намуда,аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҳомии Ватани хеш бошанд, содиқонаю софдилона ба меҳани худ хизмат намоянд.
Ҳамчунин масъулин бобати руй овардан ба китобу китобхона ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳарф заданд.
Ҳадаф аз баргузорӣ ва ба нақшагирии чунин маҳфилҳо тарбияи насли оянда дар руҳияи хештаншиносӣ ,худогоҳии миллӣ ,даъват ба зиракии сиёсӣ ва бад – ин васила бедор намудани ҳисси баланди ватандустӣ мебошад.