Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад.

      

Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо ҷалби гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолон,вакилон ва собиқадорони ҳизбӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ,раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,ки 21. 12. 2022 ироа гардид,силсилаи мулоқоту вохуриҳо роҳандозӣ гардида истодааст.

Чунин мулоқот санаи 2.03.2022 дар ҷамоати деҳоти А.Лоҳутӣ дар муассисаи таълимии миёнаи №29 бо иштироки васеи омузгорон сурат гирифта,онро муовини директори муассиса оид ба корҳои тарбия ҳусни оғоз бахшид. Дар мулоқот муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фируза Шерматова суханронӣ намуда, соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидии кишвар арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд,ки давлату ҳукумат ,шахсан роҳбари давлатамон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дошта, дар Паёми навбатиашон баён доштанд: ” Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи Ватан мебошад “.

Зимни мулоқот масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба масъалаҳои терроризму эктремизм, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусссалаҳи ҶТ ва саҳми омӯзгорону тарбиятдиҳандагонро дар ҷомеа ибрози ақида намуданд.

Дар фарҷом 11 нафар омузгорони ҷавону навовар бо сафи узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *