Барои муҳофизат намудани аҳолӣ аз сирояти COVID-19, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаи бехатар ва самаранокро ворид намуда истодааст. Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз рузҳои аввали паҳншавии бемории COVID-19 бобати пешгирии ҷомеа корҳои тарғиботиро пурзур намуда, ин навбат низ ҷиҳати гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар маркази шаҳр, истгоҳҳо ва ҷойҳои серодам маводҳои тарғиботиро насб ва ба мардум тақсим намуданд. Мувофиқи маълумотҳои масъулини Беморхонаи марказии шаҳр то инҷониб 60 фисади аҳолӣ аз ваксинатсия гузаштанд, ки ин албатта басанда нест. Ҳадафи роҳандозии аксияҳои тарғиботии масъуини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом низ дар ин самт ҷиҳати беҳдошти солимии сокинон аст. Зеро саломатӣ гавҳари ноёби зиндагист.
Рубрики
Конибодом: Ваксина ҳаётро наҷот медиҳад!
