Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Ватан- мо ҳимоятгари туем!

Таҳти чунин унвон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рузи Ҷавонони Тоҷикистон субҳи 16-уми майи соли ҷорӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии № 9 мулоқоти тарғиботӣ гузарониданд. Дар мулоқоти мазкур масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба мавзуъҳои мубрами рӯз аз ҷумла, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ, дуст доштани Ватани худ ва ба он содиқ буданро суханрониҳо карданд. Инчунин бобати самаранок истифода намудани телефонҳои мобилӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ маслиҳатҳои муфид дода, аз наврасон даъват ба амал оварданд, ки ба дасисаву дурӯғҳои хоиноне, ки ҳоло фазои иҷтимоиро фаро гирифта, нисбати давлату ҳукумати мо ҳар гуна суханҳои беҷову бемантиқро мегуянду менависанд, дода нашаванд ва дар ёд дошта бошанд, ки мақсади чунин ашхоси нопок вайрон кардани мафкураи ҷавонон ва гумроҳ кардани эшон мебошанд.

Дар фарҷоми суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба хонандагон барои супоридани имтиҳонҳои давлатии дарпешистода бурдбориҳо таманно карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *