Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – нерўи қавӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон

МАҚОЛА: Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – ин нерўи қавӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кўшишу талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо тавонистем худро аз фоҷиаи миллӣ нигоҳ дорем. Истиқлолияте, ки имрўз дорем амри тасодуф ва танҳо натиҷаи пошхўрдани Давлати Шўравӣ набуда, балки натиҷаи саъю талошҳои миллати тоҷик мебошад. Имрўз Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ гашт ва ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ ноил гардид, ки инро нодида гирифтан нобиноии сиёсӣ мебошад. Тоҷикистон имрўз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор мебошад. Ин таҷрибаи Тоҷикистон барои бисёр кишварҳое, ки дар чанголи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанду хатари фоҷиаи экологию демографӣ доранд, қобили истифода мебошад. Ҷои баҳс нест, ки барои ин кишварҳо имрўз як пешвои миллат ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон лозим аст, ки иродаи қавии сиёсӣ ва маънавӣ, далерӣ ва сарсупоридагӣ дошта бошад.

Барои мо-тоҷикон, туҳфаи таърих буд, ки ба сари давлат шахсияти боиродаю ватанпараст ва ҷасуру миллатдўст Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд. Танҳо иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист садди роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Аз таърих маълум аст, ки давлатдории тоҷикон бинобар надоштани Сарвари умумимиллӣ ва ваҳдати минтақаҳои тоҷикнишин борҳо ба парокандагӣ дучор шуда буд.

Соли равон мо- мардуми сарбаланди тоҷик 25 солагии Рўзи Ваҳдати миллиро истиқбол хоҳем гирифт. Ин ҷашн аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву муттаҳидсозии худ фарқ мекунанд. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу Рўзи ваҳдатро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳем кард. Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омада буд, метавонист якпорчагии давлати моро халадор намуда ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо оварад. Ин боз як санҷиш барои халқи азизамон буд. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонистанд моро аз ин хатар эмин доранд. Таҷлили Рўзи ваҳдатро халқи тоҷик аз самими қалб пазироӣ намуд ва имрўз мо шоҳиди он гаштем, ки маҳз вахдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ метавонад ба рушди миллати мо мусоидат намояд. Хушбахтона, Тоҷикистони имрўза аз Тоҷикистони 20-25 сол пеш куллан фарқ мекунад. Имрўз мо Сарвари дорои иродаи қавии сиёсӣ дорем, ки барномаҳои муайяни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро амалӣ менамояд.

Он равандҳое, ки дар ҷаҳони имрўза ба вуқўъ омада истодаанд, хатари аз байнравии давлатҳоро доранд ва танҳо ваҳдати шаҳрвандон метавонад пеши роҳи парокандагиро гирад.

Таҳдидҳои муосир, ба хусус экстремизм, радикализм ва терроризм, аз ҷумла фаъолиятҳои ба ном «мухолифин», водор месозад, ки мо аз пештара бештар бояд дар атрофи Пешвои худ муттаҳид бошем, зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ асоси истиқлолият, амният ва рушди босубот шуда метавонад.

Имрӯзҳо низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдомҳои ватансозӣ идома дошта, тамоми сокинони кишвар бо шукргузорӣ аз зиндагии ободу рӯзгори осуда баҳри гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ ва пешвози 35-умин солгарди он ба корҳои бунёдкоронаву созандагӣ руй оварда, баҳри боз ҳам ободу зебо ва гул-гулшукуфон намудани Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.

Аз ҷумла мо-фаъолон, вакилон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо кӯшишу ғайрати худ минбаъд низ барои рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, дар руҳияи гиромидошти арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида ,баҳри боз ҳам афзудани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зиёд намудани сафи он кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *