Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ВАҲДАТ – ОМИЛИ АСОСИИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ҶОМЕА

Субҳи 23-юми июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба муносибати 24 – умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҳаллаи Бобокалонов мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдат – омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа” баргузор карда шуд. Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоӣ, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи “Мирзо Турсунзода”-и шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра кушода, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод ва доир ба ҷойгаҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллии мо ва аҳамияти таърихии Рӯзи ба имзо расидани санади сарнавиштсози миллат – “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ибрози назар намуда, дар ин радиф Ваҳдати миллӣ аз нодиртарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Баъдан, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз ҳозиринро аз номи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба ифтихори солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, вобаста ба мавзуъи зикргардида ибрози афкор намуда, Ваҳдати миллиро  бо Истиқлолияти давлатӣ дар як радиф қарор дод. Дар ин радиф қайд намуд, ки бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик ва адолати таърихӣ  амалӣ гашт, вале бо расидан ба Ваҳдати миллӣ парокандагии миллат ва хатари аз байнравии давлат бартараф гардида, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум шароит фароҳам гардид.

Дар ин радиф аз ҷониби иштирокдорон низ табодули афкор сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *