Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Санаи 6– уми январи соли равон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳиддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини аввали Раиси шаҳри Конибодом Ёдгорӣ Ф., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А, раиси ҷамоати мазкур Эркаев Дилшод ва вакилон,ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳиддин оид ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.

Сокинон ба суолҳои худ посух гирифтанд ва барои суҳбати судманд ибрози сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *