Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БАЙНИ СОКИНОН

      Тибқи нақша мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси  вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии 17 Абдуллоева Марҳабо бо  интихобкунандагон баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон, собиқадорону фаъолон ва ҷавонон ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои баррасишуда ва мавзуҳои мубрами ҷомеа андешаҳои хешро баён доштанд.

  Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф иштирок ва суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *