Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲИ ТАРҒИБОТӢ

Ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби андешаи солим байни ҷомеа ва ҷавонон бо иқдоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷаласаи навбатии гурӯҳи тарғиботчиён аз ҳисоби омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроия ҳадаф аз фаъолияти гурӯҳи тарғиботчиёни ҷавонро ҳифзи дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони истиқлрлӣ, ҳамчунин баҳри пешгиии зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстримизм, терроризм ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, арзёбӣ намуд.

Зимнан тарғиботчиён ба сухан баромада афзуданд, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат нисбати қишри ояндасози давлат, яъне ҷавонон тамоми нерӯи худро барои пешрафт ва тарбияи насли ватандӯсту меҳанпарвар равона намуда, алайҳи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷомеаи муосир муборизаи беамон хоҳан бурд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *