Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Даври шаҳрии мусобиқаи варзишии футболи хурди ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” ҷамъбаст гардид

Бегоҳии 18-уми август дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурди ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” анҷом ёфт. Дар маросими ҷамъбастии чорабинии мазкур Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ширкат варзида, доир ба ҳадафи ташкили мусобиқаи мазкур баромад намуд ва иштирокдоронро бо фарорасии ҷашни бузурги миллат – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуд.
Дар даври финалии мусобиқаи мазкур дастаҳои футболбозони “Имран”, “Пӯлодон”, “Диловарон” ва “Кӯчкак” байни худ рақобати шадид нишон дода, дар натиҷа дастаи Пӯлотон мақоми якум, дастаи Имран ҷои дуввум ва дастаи Диловарон мақоми сеюмро соҳиб гаштанд.
Ҳамаи дастаҳо барои иштироки фаъолона ва дастоварди арзанда бо диплом, сипоснома, ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *