Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Даъвати насли ҷавон ба зиракию ҳушёрӣ

Ин  навбат масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи 16.02.2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и деҳаи Равот бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ гузарониданд. Дар вохӯрии мазкур муовини КИШ ҲХДТ Шерматова Фирӯза бобати истифодаи  дурусти технологияи иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сухан карда, қайд карданд,ки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир назар кунанд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника мо бояд онро самаранок, дуруст истифода барем. 

   Инчунин бобати тинҷию осудагии кишвар, дастовардҳои истиқлолият, оид ба фазои орому осудаи диёри азизамон андешаҳои худро баён дошта, ҷавононро ба роҳи ватандӯстию,хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу бум, ҳифзи кишвари озоди худ даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *