Дар доираи Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гурухи 11-нафараи велосипедронон аз шаҳри Марғилони Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Марафон таҳти унвони “велосипедронони Нуронӣ”, аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Конибодом аз ҷумла аз Осорхонаи таърихи-кишваршиносӣ, Мадрасаи “Ойим”, манораи “Норчабой” ва аз масҷиди “Савр” дидан намуданд. Рохбари гурӯҳ Мирзокаримов дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ “-и осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом андешаҳояшонро дарҷ намуда, ба мақомотҳои дахлдор барои гузаронидани сайри осорхонавии муфассал ва нигоҳ доштани чунин бинои таърихӣ изҳори сипос намуданд.