Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Заминҳои наздиҳавлигӣ

самаранок истифода мешаванд

Дар шаҳри Конибодом сокинон заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намуда, дар як сол то се ҳосил ба даст меоранд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир дар асоси дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат ва мақомоти болоии ҳизб бо усули хона ба хона аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Куҳандиер дидан намуданд. Зимни корҳои тарғиботӣ ба сокинон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, ки барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила манфиатовар мебошад, дастурҳо дода шуд.

Сокинон иброз доштанд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода мебаранд ва аз ин ҳисоб шароити зиндагии худро беҳтар мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *