Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

     Мулоқоти вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз шаҳри Конибодом Раҷабзода Равшан Муҳиддин дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот идома дорад. Дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сокинони ҷамоат вакилашонро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, аз ин дидорбинӣ изҳори шодмонӣ карданд.

       Нахуст муовини Раиси шаҳр Зарринахон Ғафурзода ҷамъомадро кушода, аз Паёми Пешвои миллат ва нақши он дар таҳкими фаъолияти тамоми соҳаҳо гуфта гузашт. Баъдан вакили мардумӣ дар парлумон Раҷабзода Р.М. дар мавриди масоили иҷтимоӣ, ғамхорӣ ба пиронсолону нафақахӯрон, рушди фаъолияти тамоми соҳаҳо ва дастуру супоришоҳое, ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ироа намуданд, бо шарҳи васеъ ба ҳозирин маълумот дод.

       Сипас сокинон бобати паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат, шароитҳои кору зиндагонӣ дар деҳот, қабули қарору қонунҳои нав, хизматрасонии соҳаи тандурустиву маориф, дастрасии бонкҳо, таъминот бо барқ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯзгорашон саволу ҷавобҳо доир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *