Ҷиҳати иҷрои нақшаи тасдиқгардида ва тибқи дастури раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода гуруҳи кории тарғиботӣ дар ҳайати муовини раиси Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурматзода Замирахон , раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и шаҳри Конибодом Наимҷон Ғаниев, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова мувофиқи нақшаи тасдиқгардида мулоқотҳои тарғиботиро дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бо сокинон дар мавзуъҳои масъалаҳои мубрами рӯз роҳандозӣ намуда истодаанд.
Идомаи чунин мулоқоти судманд 14-уми октябр дар толори ҷамоати деҳоти Раҷаб Куҳандиер бо сокинон баргузор гардид.
Ҳамчунин дар мулоқоти навбатӣ намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррухҷон ва Мирмуллоев Назирҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокдорон бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, иҷрои Қонунҳои миллии ҶТ ва ҷиҳати расидан ба қадри сулҳу субот андешарониҳо намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки шукргузори ин меҳани обод ва кишвари тинҷу осуда бошанд ва дар ботини фарзандони хеш ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллиро талқин намоянд.
Сокинон иқдоми мазкурро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.