Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Идомаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи Исмоили Сомонӣ

Мувофиқи Қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 9.04.2022 таҳти рақами 4 ва ҷиҳати иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 24уми апрели соли 2022 таҳти рақами 36 дар бораи маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 7.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба номи “Исмоили Сомон ӣ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова ширкат варзид. Дар ҷаласа се масъала зимни баррасӣ қарор гирифт:

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022

2.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ

3.Интихоби вакил ба Конфренсияи XXIV-уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом.

Нахуст ҷаласаро раиси ташкилоти ибтидоӣ Ирматова Замира ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро ба самъи ҳозирин расонид. Аз руйи масъалаи дигари рузнома оиди интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби ташкилоти ибтидоӣ собиқадори соҳа Қодиров Рустамҷон баромад намуда, ҳамкориҳои ташкилотро бо кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ қайд намуд ва директори муассисаро барои раисии ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод намуданд.

Бобати масъалаи сеюми рузнома оиди интихоби вакил ба конференсия устоди коллеҷ Қосимов Р баромад намуда,қайд намуд ,ки бинобар 34 нафар будани аъзои ҲХДТ дар ташкилоти мазкур директори муассиса ба ҳайси вакил ба конференсияи 26-уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод гардиданд.Зимни ҷаласа муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баромад намуда, фаъолияти ташкилоти мазкурро қаноатбахш арзёбӣ кард. Ҳамчунин бобати масъалаҳои мубрами руз андешаронӣ намуд.

Оид ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонӣ ба кори худ анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *