Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Санаи 8.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дузанда” (ЛКСК) маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируз Ҳоҷиев ширкат варзид. Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳимҷонова Зарина ҳисоботи солона пешниҳод намуда, қайд кард, ки баҳри пешрафти фаъолият ва тарғибу ташвиқи ғояҳои сиёсатмандонаи Пешвои муаззами миллат ,Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб доранд.  Сипас, раиси ташкилот ва котиби ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуданд.   Бобати масъалаи сеюми рузнома котиби ташкилот Носирова Мадина баромад намуда, номзадии раиси ташкилот Раҳимҷонова Заринаро ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод намуд. Аз руйи се масъала қарорҳои зарурӣ қабул карда шуд.  Инчунин, дар фарҷом намояндаи кумиҷрояи шаҳрӣ баромад намуда, ба якчанд нафар аъзоёни нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *