Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

   Санаи 21уми соли 2022 дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар “Раёсати кишоварзӣ” ва “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”-и шаҳри Конибодом ҷаласаҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ аз руйи масъалаҳои зерин

1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз 21уми июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022

2.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

3.Интихоби вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз ташкилотҳои ибтидоӣ – баргузор гардид.

  Дар маҷлисҳои зерин намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ширкат варзиданд. Дар кори маҷлис тибқи масъалаи якум аз тарафи раисони ташкилотҳои номбурда баҳри иштирокдорон ҳисоботи яксолаи ташкилот пешниҳод гардид ва он қаноатбахш ҳисобида шуд. Аз руйи масъалаи дуюм раисони ташкилот ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардиданд.

Аз руйи масъали сеюм шахсони масъули ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии зерин суханронӣ намуда, номзадии раисони ташкилотҳоро ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24уми ҳизбии шаҳр арзанда донистанд ва ин пешниҳод аз тарафи иштирокдорони  ҷаласа дастгирӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

   Дар фарҷом намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои сиёсии ҳизбӣ: баланд бардоштани масъулияти аъзоёни ҳизб, нақши ҲХДТ дар идораи сиёсии давлат, саодат ба миллат ва вусъат бахшидан ба тарғиби идеологияи миллӣ дар ҷомеа ақидарониҳо намуд.  Ҳамчунин, ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии номбурда Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри   Конибодом тақдим карда шуд. Суратгузориш аз рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *